БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиботи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем” миёни ҳизбиён ҷиҳати тақвияти робита бо мардум

ПАНҶ.  Гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Файзиев Каримҷон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Шомаҳмадоза Музаффар ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот  Холов Диловар бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Муассисаи назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ»-и ноҳия  хониши сиёсӣ баргузор намуданд. 

Мавзӯъи асосии хонишини сиёсӣ пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ буда, яке аз масъалаҳои муҳими рӯзмарра ба ҳисоб рафта, пояндагии миллат аз он вобаста аст.

Масъулин, дар баромадашон оид ба  баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ба монанди Гепотити С, ВНМО, сил ва дигар бемориҳо, ки имрӯзҳо бисёр ташвишоваранд, суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла таъкид шуд, ки ҳизбиён вазифадоранд, ки ба дарки ҷомеа расонанд, ки  солимии ҳар як шаҳрванд аз худи ӯ вобаста аст, дар ин росто маданияти муносибати ҷомеаро  баланд бардошта,  илова бар ин манбаҳои паҳншавӣ ва афзоиши бемориҳои сироятиро  пешгирӣ бояд намуд.

Баъдан, Шомаҳмадзода Музаффар дар баромадаш оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб суханронӣ намуда, иброз дошт, ки бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” эълон  гардидааст.

Мақсад аз баргузории Аксия ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мардум ва дар ин замина, сафарбар кардани аҳолӣ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, инчунин фаъол гардонидани онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мавҷуда аз роҳи тарғиби дуруст сафарбар намудани корҳои хайру сахо, инчунин ҳалли масъалаҳои бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл бо истифода аз қувваи фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, инчунин қувваи сокинони маҳал иборат мебошад.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg