БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳодисаи нангини куштори сайёҳони хориҷӣ аз ҷониби аъзои ТЭТ ҲНИ-ро қотеона маҳкум мекунем!

ВОСЕЪ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба муҳокимаи фоҷиаи  ваҳшиёнаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша, ки  дар ноҳияи Данғара ба вуқӯъ пайваст ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Султонова Саёҳат ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ситамова Роҳила ҳодисаи нангини  куштори сайёҳони хориҷӣ аз ҷониби аъзои ТЭТ ҲНИ  рухдодаро  муҳокима карда, дар якҷоягӣ  амалҳои хоинонаву ваҳшиёнаи гурӯҳи муташаккили ҷинотякорро  маҳкум карданд.

Инчунин, дар идомаи суҳбат  масъулин  атрофи ҳадафҳои Барномавӣ ва Оинномавии ҲҲДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, сухаронӣ намуданд.

Баъдан мутахассисони  соҳа  атрофи  бемории сироятии сил ва роҳҳои пешгирӣ аз он  андешаронӣ намуда,  афзуданд, ки бемории сил, бемории иҷтимоист, пешгирӣ ва муолиҷаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол коҳиш ёфта истодааст. Дар ин самт муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиву хориҷӣ чораҳои мухталиф андешида истодаанд. Барои онҳое, ки ба ин беморӣ гирифторанд, муолиҷа ва дорувориҳо  ба таври ройгон дастрас карда мешавад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg