БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Даҳшатафканиву иғвои наҳзатиҳои лаънатиро ҳар як инсони солимфикр маҳкум мекунад!

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «КАТС »-и шаҳри Бохтар тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вохӯрӣ баргузор гардида, дар он намояндаи Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон Шарифзода М,  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон Дилафрӯзи Абдулло ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал  итштирок ва суханронӣ карданд.

Зимнан Наҷидуллоев Таваккал иштирокдоронро бо  вазъи сиёсии кишвар шинос карда, оид ба амали ваҳшиёнаи гурӯҳи муташаккили ҷинояткор, ки бо дастгирӣ ва фармоиши ТЭТ ҲНИ  сурат гирифт, суханронӣ намуда, зикр кард, ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин ҳодиса садама набуда, балки амали қаблан омодашудаест, ки гурӯҳи ҷавонони тундрав онро ба хотири паст намудани этибори кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ роҳандозӣ намуданд. Масъулияти куштори сайёҳони хориҷиро дар марзи Тоҷикистон ба уҳдаи худ гирифтани ин шаҳрвандони ҷавон собит намуд, ки даҳшату иғвою вандализми муосирро дар куҷое, ки хоҳанд, роҳандозӣ мекунад. Ҳадафи барпокунандагон аз ин амал танҳо ворид намудани нуқс дар суботи кишвар набуда, ба василаи куштори сайёҳони хориҷӣ табоҳ кардани муносибати Тоҷикистон бо дигар кишварҳои хориҷӣ мебошад. Аммо чун зӯргӯёну зӯроварону дигар гурӯҳҳои тундрав, ки айни замон дар тамоми гӯшаву канори кураи Замин ба кишти зулм машғуланд, ҳадафҳои ғаразнок доранд ва ҳеҷ гоҳ ба мақсади худ намерасанд, чунки дар замони муосир ҳамагон аз найрангҳояшон воқиф гардидаанд.

Сипас, дигар баромадкунандагон низ оид ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва пешгириии онҳо аз ҳаргуна гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористии динӣ, амалҳои номатлуби саркардагони ҳизби наҳзати ислом, ки баъди қатъ гардидани фаъолияташон аз амалҳои душманона нисбат ба халқу Ватан даст накашидаанд андешарони карданд.  

Дар ҷамбаст Наҷидуллоев Тавакал аз шахсони муттасаддии  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “КАТС” ва мудирони шуъбаҳо, мутахассисони соҳа  даъват ба амал овард, ки ин ҳодисаи нанговари дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба амал омадаро муҳокима намуда, дар байни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотиро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд, нагузоранд, ки ин нохалафон дар байни ҷомеаи шаҳрвандии мо барои расидан ба ҳадафҳои нопоки душманонаашон роҳ надиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg