БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фоҷиаи нанговари анҷомдодаи ТЭТ ҲНИ нобахшиданист!

А.ҶОМӢ. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки аъзои ситоди кории  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  оид ба   рафти иҷрои нақшаи  обуна ба нашрияҳои  ҳизбии «Минбари  халқ» ва «Ҳамрози халқ», инчунин оид ба фоҷиаи нанговари куштору захмин кардани сайёҳонӣ хориҷӣ вохӯри баргузор гардид.

Сараввал  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳалимов Муҳаммаддовуд  аз ҷониби гурӯҳи маташаккили ҷиноятпеша санаи 29 июли соли равон таҳти  сарпарастии ТЭТ ҲНИ ҳодисаи дар ноҳияи Данғара ба вуқӯъ омадаро  баррасӣ намуд, ки аз ҷониби иштирокдорони Ситод ҳамлаи ваҳшиёнаи  ин гурӯҳи  маташаккил маҳкум карда шуда, ба наздикону пайвандони  шаҳидшудагон изҳори тассалият  баён намуданд.

Баъдан  Ситод  ба кори худ оғоз бахшида,   узви  Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи  Абдураҳмони  Ҷомӣ  Баҳодузода Абдуҷаббор  оид ба масъалаҳои номбурда суханронӣ  намуд.

Бояд қайд кард, ки маъракаи обуна  ба  рӯзномаҳои ҳизбии  «Минбари Халқ» ва «Ҳамрози Халқ»  дар байни ҳизбиён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  хело муташаккилона идома дорад.

То имрӯз, дар ноҳия яке аз аввалинҳо шуда, ташкилотҳои ибтидоии «Иттифоқ» оид ба маҳалли зист ва шаҳраки «Абдураҳмони Ҷомӣ  нақшаи тасдиқшудаи мақомотҳои болоии ҳизбро саривақтӣ таъмин намуда,  ба 115 нусха ба нашрияи ҳизбии «Минбари халқ»  ва  120  нусха ба   «Ҳамрози  халқ»  обуна  шудаанд.

Ҳизбиёни ноҳия мақсад гузоштанд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин нақшаи обунаро  иҷро  намоянд.

Дар охир,  ба раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аз ҷониби намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» маводҳои таблиғотӣ ва дастурамалҳои коргузориву ҳуҷҷатнигорӣ барои пешбурди корҳои дохилиҳизбӣ   дастрас карда  шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg