БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби Аксияҳои хизбӣ дар маҳал

А.ҶОМӢ. Мутобиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои нимсолаи дуюми соли 2018 дар ноҳия бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоти ибтидоии «Зарнисор»  соати сиёсӣ вобаста самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб баргузор гардид.

Дар он мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  Самадзода Саёҳат иштирок дошта,  дар бораи сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал,   озмунҳои ҳизбӣ,  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  андешаронӣ карда, иштирокдоронро  барои дар  байни мардум тарғиб кардани Аксияи номбурда, ки  ба пешрафту шукуфоии Ватан ва зиндагии осудаи мардум  равона карда шудааст, ҳидоят намуд.

Дар охир Сайҳат Самадзода бо тарзи ҳуҷҷатгузории  ташкилоти ибтидоии мазкур аз наздик шинос шуда,  барои фаъолияти  минбаъдаи маслиҳатҳои судманд дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg