БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Самти тарғиботии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”

ҲАМАДОНӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев ва Фирӯз Пиров дар асоси ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои нимсолаи дуюми соли 2018 бо аҳолии деҳаи Марғоби ҷамоати деҳоти Чубек вохӯрӣ гузарониданд.

Зимни вохӯрӣ масъулин  дар бораи самтҳои афзаиятноки фаъолияти ҳизбӣ, ба мардум фаҳмонидани моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо ба хотири рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа, тарғиби моҳияти  озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои “Армуғони хатлонӣ”,  “Маликаи Хатлон”, “Тарроҳи беҳтарин”, “Беҳтарин доиркунандаи чорабиниҳо дар сатҳи маҳал”, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  андешаронӣ карданд.

Баъдан дар рафти чорабини  иштирокдорон бо  намошгоҳи  маҳсули дастони  ҳунармандони деҳаи Марғоб аз наздик шинос шуда, ба ҳунари  волои онҳо баҳои баланд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg