БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон- амали террористӣ бар зидди сайёҳонро маҳкум карда, ба наҳзатиён лаънат мегӯянд!

КУШОНИЁН. Намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар якҷояги бо Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ ноҳия фаъолияти пурсамари худро ба роҳ монда,  барои  расидан   ба  ҳадафҳои  созандаю бунёдкорона, тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносию худогоҳии миллӣ, ватандӯстӣ, баланд бардоштани обрӯ ва эътибори миллат ва давлати Тоҷикистон  фаъолият  менамоянд. Дирӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо ин ҷавонон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ иштирокчиён аз амали террористии дар ноҳияи Данғара рӯйдода ёдовар шуда, ин амали ғайриинсониро маҳкум ва ба анҷомдиҳандагонаш- наҳзатиҳои малъун лаънат хонданд.

Ҷавонон қайд намуданд, ки ба рағми ҳамаи ин бадхоҳон дар роҳи баланд гардидани обрӯву эътибори Тоҷикистон меҳнат намуда, номбардорӣ Ватан мегарданд.

Бояд қад намоем, ки варзишгарони ноҳия ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Аз ҷумла, Идимоҳи Саидқул сокини деҳаи Меҳнатободи ҷамоати деҳоти Меҳнатободи  ноҳияи Кушониён, аъзои фаъоли намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вазни 46 кг дар мусобиқаи варзишии “Бокс” байни панҷ давлати Осиё Руссия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон сазовори ҷойи якум ва медали тилло гардид.

Сулаймони Ҷамшед сокини ҳамин деҳа дар вазни 60 кг дар мусобиқаи варзишии гӯштини  “Дзюдо” байни 30 давлати Осиё барои дарёфти “Ҷоми Осиё” сазовори ҷойи якум ва медали тилло гардид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg