БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо мардуми тоҷик иғвою дасисаҳои зидди давлату миллатро қотеъона маҳкум мекунем!

ПАНҶ. Вақтҳои охир сафсатаю бадгӯиҳои наҳзатиҳои лаънатшуда бештар дар сомонаҳо паҳн гашта истодаанд. Онҳо бо ин роҳ мехоҳанд мардумро дубора гумроҳ созанд. Онҳо пас аз  он ҳамоише, ки 16-уми июл дар шаҳри Дортмунди Олмон доир карданд  аз хиҷолат ва шармандагӣ дигар чи гуфтанашонро намедонистанд бояд дигар на номи Ватанро гиранду на миллатро, чунки ин миллати сарбаланд аз онҳо дар ду дунё безоранду дурӣ меҷӯяд.

Ин миллат, ки аз дасти хиёнати наҳзатиён хонаву дар ва наздиконашонро аз даст додаанд, асло бахшиданӣ нестанд, зеро хиёнатҳои наҳзатиён омили ҳама бадбахтиҳои миллат гардидаанд!

Бо ин мақсад бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ҳамоиши кормандони идораву муассисаҳо ва ҷавонон таҳти унвони «Мо дар сиёсати Пешвои миллат устуворем!» баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории ин тадбир аз он гувоҳӣ медод, ки мардум ба хубӣ чеҳраи манфур ва нақшаҳои ғаразноки онҳоро донистаанд.   

Ҳамаи мо ба хубӣ медонем, ки Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини халқи тоҷик ҳамчун омили созандаи давлати ҳуқуқбунёд асос гузошт ва дар ин замина ба ҷавонони кишвар замина фароҳам сохт, то пайи омӯзиши илму маърифат гарданд. Пайваста Пешвои миллат дар  мулоқоту вохӯриҳои худ  таъкид менамояд, ки «Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки Истиқлолияти воқеӣ ва Ваҳдати миллӣ доштан барои инсон бузургтарин неъмат ва волотарин ормони зиндагист». Воқеан Истиқлолият ва ваҳдат падидаи бузург аст ва хушбахт миллатест, ки онро ба даст оварда, аз ҳамагуна нокомиву палидӣ пок нигоҳ медорад. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки ба қадри ин неъмат бирасем ва нагузорем, ки ин нохалафон минҷумла Кабирӣ ба  Истиқлолияту  Ваҳдати миллии мо халал ворид созанд.

Зинда бод халқи Тоҷикистон, поянда бод Истиқлолияти миллати тоҷик, абадӣ бод сулҳу Ваҳдати миллии сокинони Тоҷикистон бо сарварии Пешвои маҳбуби миллат Эмомалӣ Раҳмон!!!

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg