БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Либоси миллӣ муаррифгари давлату миллат

ЛЕВАКАНТ. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар толори ташкилоти ибтидоии ҳизбии «ЛКСК» мизи мудаввар бахшида ба  27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2018 Соли сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Либоси миллӣ шаъну шарафи духтари тоҷик» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр,  аъзои  ва ҷонибдорони ҲХДТ, аъзои намояндагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан», роҳбарони ташкилоти ибтидоии маҳаллаву деҳаҳои навтаъсис иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан  раиси Кумитаии ҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷаъфарба кори мизи мудаввар ҳусни оғоз бахшида, атрофи   Истиқлолият яке аз неъматҳои пурарзиши миллӣ,  маънои озодӣ, шинохти худ ва миллат, таъмини ободии Ватани азиз, фароҳам овардани шароити арзанда, ваҳдат ва суботи сиёсӣ, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, тарғиби сару либоси миллӣ андешаронӣ намуд.

Чанде аз иштирокдорон оид ба  нақши занону ҷавонон дар давраи соҳибистиқлолӣ, тарғиби либоси миллӣ, фарҳанги либоспӯшии ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ, маъракаҳои тӯйҳои арусу домодӣ, меҳмонӣ, сайру гашт гуфта гузаштанд.

Дар рафти чорабинӣ тарроҳони ҷавон либосҳои миллии тайёрнамудаашонро ба намоиш гузошта,  духтарон бо беҳтарин либосҳои миллии  бабаркардаашон, ки шаъну шарафи духтари тоҷик аст,  ба намоиш баромада бори дигар фарҳанги миллии тоҷиконро инъикос ва ба ҳусни мизи мудаввар ҳунси дигар зам намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg