БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарманд ҳамеша арҷманду сарфароз аст!

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён баҳри рушди ҳунарҳоии мардумӣ чорабиниҳои фарҳангиро дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия роҳандозӣ намуда истодаанд.

 Бо мақсади тарғибу омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ  роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Ваҳобиддин Абдуллоев аз кору фаъолияти яке аз ҳунармандони ноҳия, истиқоматкунандаи деҳаи Авестои ҷамоати деҳоти Тахти Сангин Сайфиддинов Абдувалӣ дидан намуданд.

Сайфиддинов Абдувалӣ ҳунари чӯбтароширо аз падараш омӯхта, бо ин ҳунари худ, аз чӯбҳои дарахтони чормағзу зардолу ашёҳои рӯзгорро, аз қабили табақ, қошуқ, мизу курсӣ, ҷевону алвончакҳо омода намуда, бо ҳунари  аҷдодиаш  рӯзгори худро пеш мебарад.

Мавсуф ният дорад, ки аз ҳисоби заминҳои наздиҳавлигии худ дӯконе барои фурӯши маҳсулоти истеҳсолкардаш сохта, бо ин амалаш барои рӯзгори ҳамдеҳагони худ сабукие ба бор оварад. Фарзандонаш низ касби падари худро идома додаистодаанд. Сайфиддинов Маҳмадалӣ фарзанди калонии хонавода  буда, тӯли чор сол аст, ки ба парварши занбӯри асал машғул мебошад ва соли аввал чор оилаи занбӯр дошта, то ба имрӯз шумораи онро ба ёздаҳ адад расонидааст. Сайфиддинов Маҳмадалӣ қайд намуд, ки нигоҳубини занбӯри асал таваҷҷуҳи хосеро дошта, нияти дар оянда зиёд намудани оилаҳои  занбӯрро дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg