БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ аз таърихи пурғановати миллат гувоҳӣ медиҳанд!

Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маҳаллаи Янгиободи ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳия чорабинии таблиғотии ҳизбӣ дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид ва бо иштироки сокинон доир гардид.

Дар чорабинии мазкур ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзиро  ба намоиш гузоштанд ва дар оғози чорабинӣ бонувони ҳунарманди деҳа чанд навъ хӯрокҳои миллию шириниҳои гуногуни дастранҷи хешро омода намуда, пешкаши иштирокдорон гардониданд.

Дар рафти чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдулҳаев Маҳмадсаид вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муфассал суханронӣ намуда, ҷамъомадагонро барои боз ҳам ривоҷу равнақ додани касбу ҳунарҳои миллӣ  ҳидоят кард.

Зимни баргузории чорабинӣ занони ҳунарманди маҳаллаи номбурда, ваъда доданд, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро самаранок истифода бурда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки маҳсулоти дастранҷи худ ва аҳли оилаашонро нисбат ба солҳои қаблӣ бештар намоянд ва дар самти рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳми муносиб мегузоранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg