БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд

КӮЛОБ. Бо мақсади тарғибу ташвиқи сиёсати созандаи ҳизб ва шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зари Кӯлоб”  бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”  хониши сиёсӣ баргузор гардид.     

Роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ зимни он қайд намуд, ки имрӯз Ҳукумати мамлакат сиёсати ҷавононро дастгирӣ намуда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳим саҳми ҷавононро назаррас унвон намудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояш иброз доштаанд, ки “Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огаҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд”.

Дар охир ҷавонон ибрози ақида намуданд, ки моро мебояд, ки ба қадри сулҳу салоҳи пойдор, оромию осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ бирасем. Ҳамчун гавҳараки чашм ин Ватанро пуштибон бошем, зеро гузаштагони мо  бо азобу ранҷҳои зиёд ин давлату фарҳангро ба мо ёдгор гузоштаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg