БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соҳаи хоҷагидорӣ рушд карда истодааст!

ДӮСТӢ. Бо  мақсади фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хоҷагию ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғли доими ба соҳаҳои сердаромад ин бахш воқеъ дар деҳаи Гоголи ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ вохӯрии судманди ҳизбӣ баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур дар байни хоҷагидорон амалӣ гардонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошад. Дар рафти баргузории суҳбату вохӯрӣ аз ҷониби хоҷагидорони  деҳоти мазкур намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ки бо меҳнату заҳмати хеш ба даст овардаанд, пешкаши тамошобинон ва кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ гардонида шуд, ки ҷамъомадагон аз намоишгоҳ дидан карда, ба заҳмату меҳнати барзгарон баҳои баланд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg