БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нақшаҳои азими созандаро якҷоя ҳал мекунем!

ПАНҶ. Миллати тоҷик аз қадиммулайём дорои таъриху фарҳанги бою ғанӣ буда, ҳамчун миллати сулҳдӯст, саховатпеша эътироф гардида, бо олимону  қаҳрамононаш  маъруфу машҳур  гаштааст.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар маҳаллаи Зарринкамари ҷамоати шаҳраки Панҷ чорабинии фарҳангӣ-ҳунарӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  

баргузор намуданд.

Вохӯрӣ  бо намоиши ҳунарҳои мардумии кадбону ва чирадастони маҳалла  оғоз гардида, бо суханронии раиси Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ дар ноҳия Файзиев Каримҷон  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал  идома ёфт.

Дар ин раванд, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ба иштирокдорон шинос карда шуда, даъват ба амал оварда шуд, ки  бо иҷрои корҳои созандагиву ободонӣ, анҷоми корҳои хайру сахо дар рушду нумӯи маҳалли худ, ноҳия ва Ватани азизамон -Тоҷикистон  саҳмгузор бошем.

Баъдан, раиси ташкилоти ибтидоии «Зарринкамар» Шаропова Маърифат зимни суханронӣ иқдоми пешгирифтаи сокинони маҳалла оид ба гузаронидани тӯйи суннатии 5 нафар дӯстрӯякони маҳалларо иқдоми хайрхоҳона шуморида, қайд намуд, ки чунин  амалҳо  ба анъанаҳои неки миллати тоҷик дохил мешаванд.

Нафароне, ки лоиқи ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дохил шуданро доштанд, ба онҳо  шаҳодатномаҳои ҳизбӣ  тақдим карда шуда,  фаъолонеро, ки дар  амалӣ гардидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб  саҳми арзанда  гузоштаанд, бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  сарфароз гардиданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg