БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ тарбия меёбанд

ВОСЕЪ. Вобаста ба мавзӯъҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимнан, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Раҷабова Шаҳноза оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” андешаронӣ намуда, қайд кард, ки инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ  бештар хусусияти маънавӣ  доранд ва он дар тафаккури инсон дар давоми ҳаёташ муттассил ташаккул меёбад.  Дар раванди ташаккул додани чунин тафаккур таъсири муҳит низ нақши калидӣ мебозад.  Ҷалб намудани диққати фарзандон ба дастовардҳои миллӣ ва огоҳӣ аз қаҳрамонони миллат ба ҳисси ватандӯстӣ мусоидат менамоянд.  Яке аз беҳтарин усули тарбия фарзондон дар руҳияи ифтихори ватандорӣ рафтори намунавии худи падару модар мебошанд- қайд доштанд масъулин.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg