БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободии Тоҷикистон ободии хонадони ҳар яки мост

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дилшод » тибқи ҷадвали баргузории вохӯриҳо хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардида, ки  дар он кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри  Бохтар Раҷабализода Парвиз ва Асадуллозода Саймуҳамад иштирок ва андешаронӣ намуданд.

Зимнан, масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ҳарф зада, ёдовар шуданд,  ки мо мардуми хушбахт ҳастем, ки дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ аз имтиҳонҳои сангини таърих сарбаландона гузашта, таҳти сарвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ваҳдати комили миллӣ расидем.

Дар ин замина яке аз иқдоми муҳими Роҳбарияти олии кишвар, ки ба рушди давлат ва мустаҳкам намудани заминаҳои сиёсиву иҷтимоии он мусоидат намуд, ин аввалин маротиба дар миқёси собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ қабул намудани қонуни миллӣ, махсусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ” буд.  Зеро қонуни номбурда дарбаргирандаи марому мақсад, арзишҳои ахлоқиву динӣ ва таърихиву фарҳангии мардуми Тоҷикистон мебошад.  

Инчунин дар идомаи суҳбат  шахсони масъул самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро ба иштирокдорон шарҳу тавзеҳ доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg