БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Табибон дар солим нигоҳ доштани генафонди миллат масъулияти бузург доранд

ЁВОН.  Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо ва соатҳои сиёсӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар толори беморхонаи марказии  ноҳияи Ёвон  бо иштироки аҳли заҳмати беморхона соати сиёсӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни соати сиёсӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоева Саёҳат  оид ба  сиёсати хирадмандона ва созандаи ҲХДТ, хосса Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти соҳаи тандурустӣ, хизмати содиқона ба халқу Ватан, тарғиби  тарзи  ҳаёти  солим  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  бемориҳои  сироятӣ,  тарбияи  ҳарбӣ-ватандӯстии  ҷавонон  ва  ҷалби  онҳо ба  хизмати  ҳарбӣ, тарғиби  фарҳанги  миллӣ  ва  пешгирӣ  аз  майлӣ  бегонапарастӣ  миёни  ҷавонону  занон  вокуниши  фаврӣ  ба  маводҳои  интиқодии  бебунёд  дар  васоити  ахбори  омма  ва  шабакаҳои иҷтимоӣ, муборизаи  идеологӣ  бар  зидди  терроризм экстремизм  ва  пешгирии  гаравиши  ҷавонон  ба  гурӯҳҳои  тундгаро, баргузории  чорабиниҳо  ба  хотири  огоҳ  кардани  аҳолӣ  ва  пешгирии  онҳо  аз  гаравиш ба  ҳизбу  ҳаракатҳои  дар  кишвар  мамнуъи  ТЭТ  ҲНИ, Гурӯҳи  24, ва  ғайра  андешаронӣ намуд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки ташкилоти ибтидоии соҳаи тандурустӣ дар ноҳия яке аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии фаъол буда, дар ихтиёри худ зиёда 886 нафар аъзо дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg