БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАЗМЕ, КИ БА МОТАМ ТАБДИЛ ЁФТ. Андешаҳо оид ба конфронси ТТЭ ҲНИТ дар шаҳри Дортмунди Олмон

Ин саввумин кӯшиши Муҳиддин Кабирӣ дар самти созмон додани Эътилофи ақаллан рӯякист, ки бемуваффақ анҷом ёфт. Расо як сол пеш дар ҳамин шаҳри олмонӣ Кабирӣ, ки Аврупоро нишемангоҳи худ қарор дод, аввалин кӯшиши бунёди Эътилофро пеш гирифт. Намояндагони ӯ шилқинона сарварони Конгресси қувваҳои солимфикри Тоҷикистон, ҳаракати «Ватандор»-и Додоҷони Атовулло ва «Гурӯҳи 24»-ро тавалло мекарданд, ки дар Анҷумани Кабирӣ барпокарда ширкат варзанд. Д. Атовуллоев ин даъватро нодида гирифт, аъзои «Гурӯҳи 24» баъд аз иштирок дар Анҷуман, ки ба саҳнаи пиарӣ барои «бузург» доштани Кабирӣ табдил ёфт, чунин эълом доштанд: «Мо дигар ҳеҷ гоҳ бо Ҳизби Наҳзат ягон алоқа нахоҳем дошт!». Ва ин нигоҳ накарда ба он, ки шахсони наздики Кабирӣ ба онҳо «кӯҳҳои тилло»-ро ваъда доданд: «Бо мо ҳамроҳ шавед, таги пул мемонед!».

Он вақт кӯшиши бунёд кардани Эътилоф бебарор анҷом ёфт (тафсилоти бештар оид ба ин дар саҳифаи фейсбукии ман аз 4 сентябри соли 2017).

Моҳи сентябри соли 2017 барои кӯшиши дуввуми бунёди рӯякии Эътилоф Кабирӣ дар пойтахти Лаҳистон-шаҳри Варшава 2  баҳонаро пеш овард-чорабинии яке аз сохторҳои САҲА (БДИПЧ) ва солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар омади гап, чорабинии зикршуда, ки дар он Кабирӣ баромад кард, аз ҷониби таблиғгарони дурӯғпардози ӯ ҳамчун «маҷлиси САҲА» муаррифӣ шуд). Ва боз равон кардани даъватномаҳо ба ҳамаи тоҷикони обрӯманди Аврупову Русия ва «дилёбӣ»-ҳо: «биёед, мо тамоми хароҷотро ба уҳдаи хеш мегирем!». Ҳамонҳое розӣ шуданд, ки дӯст доранд аз ҳисоби дигарон сафар кунанд. Д. Атовуллоев ин навбат дурушт ва бо кароҳат посух дод-«Бо шумо будан шармандагист!». Аъзои «Гурӯҳи 24» низ чунин амал карданд.

Он замон Кабирӣ дар Варшава ҳолати шокиро аз сар гузаронид ва  ба ҳамсафонаш иброз дошт, ки мумкин ба истеъфо равад. Инро иброз-ку дошт, аммо бо вуҷуди хоҳиши зиёд доштанаш ӯ тиҷоратеро, ки дар асоси сиёсат бунёд шудааст, партофта наметавонад. Чун дасту пояшро хадамоти махсуси эронӣ бастаанд-пулҳои зиёд сарф мешаванд, аммо натиҷа ку? Канӣ эътилоф? Аз ноумедӣ ӯ созмонҳои фейкӣ, чун «Озодандешон», «Ислоҳотхоҳон» ва «Дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ»-ро ташкил мекунад:

-Инҳо фарзандони ғайриқонунии Муҳиддин Кабирӣ ҳастанд,-гуфт ба ман манбаи боэътимод, шахсе, ки ба иҳотаи Кабирӣ наздикӣ дорад. –Тоҷиконе, ки дар Аврупо обрӯву нуфуз миёни диаспораи тоҷикон доранд,  ё ба сиёсат машғул шудан намехоҳанд, ё намехоҳанд бо Кабирӣ сарукоре дошта бошанд. Ин созмонҳо барои бунёди Анҷумани фавқуззикр ташкил шудаанд.

Вале бо сарварони дурӯғини ин созмонҳо боз нокомиҳо рӯ задаанд. Барои мисол Шарофиддин Гадоевро гирем. Собиқ ронандаи Умаралӣ Қувватов шахси бесаводест, ки на забони русӣ, ҳатто тоҷикиро намедонад ва ӯ барои Кабирӣ харҷи зиёдатӣ ва «дарди сар» аст. Аз номи ӯ касе дар Фейсбук бо забонҳои русиву тоҷикӣ менависад. Кадоме мусоҳибаҳои ӯро омода мекунад. Ва ин «кадоме» на танҳо суол, балки посухҳоро эҷод мекунад. Баъзан вақт худи Шарофиддин, бесаводии худро ба маъраз гузошта, бо забони лаҳҷавӣ менависад: «Акам мада тилфон кард. Гуфт шерои нар ма ба шумоюм. Биёен ҷигарша меканем, шашликш менем!» Чунин «комментарий»-ро ӯ баъд аз хондани мусоҳибаи Абдулмаҷид Достиев дар сайти «Озодӣ» навиштааст.

Ва ҳамин Шарофиддин «ислоҳотхоҳ» (реформатор) аст!!! Ва на танҳо ислоҳотхоҳ, балки «раиси тамоми ислоҳотхоҳон» дар созмони фейкист! Чуноне, ки Додоҷон Атовуллоев бо заҳрханд иброз дошт, Шарофиддине, ки худро «ислоҳотхоҳ» мепиндорад, маънои калимаи «рушд»-ро барои худ муайян карда натавонистааст-ин ҳасиб аст ё чизи дигар?  Акнун тасаввур кунед-Шарофиддин ва Исфандиёри Назар, фарди дорои саводи баланд, шоири боистеъдод ва публисист, ки ӯро ҳам ба Дортмунд омадан ташвиқ мекарданд-ҳамсаф ҳастанд! Исфандиёр! Узр мепурсам, агар Шуморо таҳқир карда бошам! Шараф ба Шумо, ки қадри худро дониста, дар ин ҳамоиши тиҳимағзон ширкат наварзидед!

Каме пештар дӯстони ман барномаи конфронс ва рӯихати баромадкунандагонро фиристоданд. Дар ин рӯихат ман номҳои  Ҳафиз Бобоёров ва Додоҷон Атовуллоевро дида, хеле ҳайрон шудам. Ва дарҳол ба Додоҷон занг задам: «Дар мавзӯи чӣ дар конфронс ҳарф хоҳед зад?»-пурсидам. Посухаш чунин буд:

«-Шаби 14 ба 15 июл ман заррае хоб нарафтам. Ба зангҳои дӯстонам аз тамоми гӯшаву канори олам, ки ҳамин суолро медоданд, ҷавоб мегардонидам. Ман пуртоқатона ба ҳама посух медодам, ки ин даъватро сарфи назар кардаам ва дар ин тӯда иштирок нахоҳам дошт. Бисёриҳо ба ман бовар намекарданд ва ҳатто хафа мешуданд-«ту дар рӯихат ҳастӣ, пас чаро иштироки худро пинҳон медорӣ?». Субҳ маҷбур шудам дар Фейсбук нависам, ки ман якчанд маротиба даъвати ба ин чорабинӣ иштирок карданро рад кардаам. Номҳои ману Ҳафиз Бобоёров, Абдуазими Абдуваҳҳоб ва бархе дигар тоҷикони шинохта барои ҷалб кардани дигарон ба ин конфронс буданд. Ин номҳоро дида, мумкин дигарони шубҳадошта низ ба Дортмунд меомаданд. Ба як чиз дар рӯихати мазкур аҳамият диҳед-дигарон ҳамчун «шахсони одӣ» қайд ва танҳо исми Кабирӣ ҳамчун «Устод Муҳиддин Кабирӣ» навишта шудааст. Тарғибкунандаҳои кундфаҳми ӯ Кабириро болотар аз ҳама иштироккунандагон мемонанд ва мехоҳанд фаҳмонанд- «мо, албатта, шуморо даъват кардем, вале шумо аз сарвари мо паст ҳастед ва инро бояд эътироф кунед».

Тамоми тоҷикони шинохтаи Аврупо, Русия, ҳаракати мо-«Ватандор», Конгресси қувваҳои солимфикр ва «Гурӯҳи 24» барои Муҳиддин Кабирӣ ҳамчун «галочка» лозим буданду халос. Агар дар Дортмунд ҳама даъватшудагон ҷамъ меомаданд, инро сабти видеоӣ ва ба сарпарастон равон мекарданд-ана бубинед, эътилофе, ки шумо аз мо талаб доред, рӯйи кор омадааст! Ва Муҳиддин Кабирӣ сарвари он аст! Мо супориши шуморо иҷро кардем! Ва фардо ин коалитсия бигзор фурӯ резад-ин муҳим нест…

Тӯдаи ҷамъомада дар Дортмунд-ин қаллобии навбатии бебарори Муҳиддин Кабирӣ аст.

Ман бо Муҳиддин Кабирӣ бо як сабаби дигар якҷо буда наметавонам. Аллакай се сол аст наздикони ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ алайҳи ман маъракаи сиёҳкунӣ ва тӯҳматзаниро қатъ намекунанд ва маро бо дашномҳои кӯчагӣ таҳқир мекунанд. Айни замон шахсони наздики дигари ӯ маро тавалло мекунанд, ки ба ӯ бипайвандам. Ягон нишонаи ахлоқ дар ин дурӯягӣ ҳаст? Худатон қазоват кунед!».

Конфронсро оғоз карда, раиси кумитаи ташкилӣ Муҳаммадсаид Ризоӣ қайд кард, ки дар толор 300 нафар ҷамъ омадаанд: «Қасам ба Худо, ки он ҷо тақрибан 65-70 нафар ҳузур доштанд, на зиёд аз ин!-гуфт ба ман яке аз иштирокдорон.-Вақте Ризоӣ шумораи 300-ро ба забон гирифт, ман ба атроф нигаристам. Ва дар ҳайрат уфтодам-охир, дар толор бамаротиб одам кам буд!».

«Ҳукумати оилавӣ», «ҳукумати фасодзада»-чунин суханон аз забони қариб тамоми баромадкунандагон садо медоданд. Худи шумо кистед? Кӣ шуморо ҳуқуқ додааст, ни нақши доварро ба худ гиред? Ба худатон дар оина назар кунед-тамоми роҳбарияти ҳизби шумо оилавист! Нисбати фасод-коррупсионерони ҳозираи Тоҷикистон ҳатто шогирдони сарварони шумо буда наметавонанд! Тӯли 5 сол дар Афғонистон онҳо аз пулҳое, ки аз манбаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ барои фирориён ҷудо мешуданд, халта-халта медуздиданд. Баъдан, соли 1997 баъд аз бозгашт ба Тоҷикистон онҳо, ҳамчун ашхоси бонуфузу сарватманд, дар Комиссияи оштии миллӣ фасодро қонунӣ карданд-рӯирост мансабҳоеро, ки тибқи квотаи 30-фоиза ҷудо шуда буданд, мефурӯхтанд. Ва сарвари ҳозираи шумо Муҳиддин Кабирӣ-коррупсионери миқёси ҷаҳонист. Муборизаи ӯ барои ҳокимиятро кишвари хориҷӣ сарпарастӣ мекунад. Дар он замон, ки ҷониби эронӣ дастгирии молиявии Кабириро пинҳон намедорад, худи ӯ бо як ғояти бешармӣ инро рад мекунад.

Дар ҳар кишвари мутамаддин ташкилоти сиёсии аз хориҷ маблағгузоришавандаро ғайриқонунӣ эълон карда, муассисони онро ба ҷавобгарӣ мекашанд. Барои мисол дур рафтан лозим нест. Масалан, ҳамин ки маълум гардид Николя Саркози, президенти собиқи Фаронса дар маъракаи пешазинтихоботиаш маблағҳои Муаммар Қаззофиро истифода бурдааст, алайҳи ӯ дарҳол кори ҷиноятӣ оғоз намуданд ва Саркози ба «мурдаи сиёсӣ» табдил ёфт. Солҳо гузаштанд, Қаззофӣ дар ҳаёт нест ва Саркози ҳам президенти Фаронса нест. Вале чанде пеш ӯ иброз дошт, ки ба саҳнаи сиёсӣ бармегардад ва зуд аз ин амалаш пушаймон шуд-ӯро ба суду прокуратура кашиданро сар карданд.

Ҳукумати Тоҷикистон тӯли қариб 20 сол ба ҲНИТ иҷозат дод, ки бо маблағгузории сарпарастони хориҷӣ фаъолият ва мағзшӯӣ кунад. Дар ин замон насли ҷавоне ба воя расид, ки мағзаш шуста ва ба итоати кӯр-кӯрона одат карда буд. Дар ин насли бавоярасида қобилияти мустақилона фикр рондан ва ҳақиқатро ҷустан ҳанӯз дар ҷанин нобуд карда шудааст. Ин ҷавонон калимаи коммунист, бо талаффузи худи онҳо «кумунист»-ро чунон ба нафрат ба забон меоранд, ки нотиқони баландовози майдонҳои Душанбеи оғози солҳои 90-и қарни 20 метавонанд рашк кунанд. «Ҳизби манҳуси коммунист!»-бехудона ҷор мезаданд онҳо. Аз суқути Шӯравӣ 27 сол гузашт, ҳизби коммунисти Тоҷикистон танҳо дар коғаз амал мекунад, аммо симои манҳуси «душман» аз насл ба насл мегузарад. Нигоҳ накарда ба ин, Кабирӣ ва пайравонаш беибо эълом медоранд: «дарҳои мо барои тамоми ашхоси дорои ақидаҳои гуногун боз ҳастанд».

Акнун ман бевосита ба Кабирӣ муроҷиат мекунам:

-Муҳиддин! Ту шарми миллатӣ! Барои он, ки ту дар атрофат афродеро ҷамъ овардаӣ, ки метавонанд барои пул шуда ба дурӯғпардозиҳо, иғвову туҳмат ва хиёнат даст бизананд!

-Ту Ватанфурӯшӣ! Чун медонӣ, ки хоҷагонат мехоҳанд бо дастони ту дар Тоҷикистон боз як инқилоби хунинеро роҳандозӣ кунанд! Онҳо барои ин ба ту маблағ медиҳанд!

-Ту хоини №1 миёни сиёсатмадорони тоҷик ҳастӣ, агар туро сиёсатмадор гуфтан ҷойиз бошад! Магар ту ба  Раҳматулло Зоиров хиёнат накардӣ, ки аз рӯйи дилсофиаш ба ту бовар карду ба эътилофат соли 2013 ворид гардид? Ва ту баъд аз ин дар конфронсат дар Дортмунд бе ягон азоби виҷдон аз ӯ барқияи шодбоширо интизор будӣ? Майлаш Зоиров, ӯ сиёсатмадор аз ҷиноҳи дигар буд. Ту пайравони хешро фурӯхтӣ, ки ҳоло аз касофати авантюраи ту-кӯшиши табадуллоти давлатӣ дар моҳи сентябри соли 2015 дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҷазо мебинанд! Ту онҳоро ҳамчун гаравгон мондӣ ва амнияти худро таъмин намудӣ! Чӣ манфур! Ва нақшаи манфур кашида шуда буд-агар табаддулот бобарор мебуд, ту ба Тоҷикистон ҳамчун сарвари ҳукумати муваққатӣ бармегаштӣ, агар на, ҳамсафонат ҷавобашро медоданд! Ва ҳамин гуна ҳам шуд!

Ҳамсафони ту бори дигар симои аслии худро нишон доданд, вақте ба сиёҳкунии Ҳафиз Бобоёров оғоз намуданд, -ӯ нахост дар тӯдаи шумо, ки конфронсаш номидед, ширкат варзад ва сабабҳои инро баён дошта буд. Чи гуна шумо ба шиори классикии худ аз солҳои 90-ум дар майдонҳои Душанбе содиқ мондед: «Ҳар кӣ бо мо нест-душмани мост!» Наход то ҳамин рӯз ту ва ҳамсафонат дарк накардед, ки Бобоёровро сиёҳ карда, манзалати шумо назди тоҷикони бомаърифат паст шуд?! Тӯли як сол, ҳангоме ки  ӯро тавалло мекардед, бо шумо бипайвандад, ӯ шахси боэҳтиром буд. Ҳамин ки даъвати шуморо рад кард, дарҳол ба душманатон табдил ёфт. Бобоёров олими боистеъдод, шахси бовиҷдон ва дорои мавқеи равшани шаҳрвандӣ буда, тоҷиконро дар Аврупо арзанда муаррифӣ мекунад!

«-Бас аст!»-хитоб намудӣ ту дар Дортмунд. Инро ман нисбати худи ту хоҳам гуфт: Бас аст! Бас аст акнун дурӯғ гуфтан, хиёнат кардан, Ватанро фурӯхтан, ба чашми мардум хок пошидан! Бас аст аз созишномаи сулҳи соли 1997 гуфтан! Он иттиҳоди мухолифини тоҷик баъд аз тақсимоти квотаи 30-фоиза худаш фурӯ рехт. Ҳама он «муборизон дар роҳи ислом, барои демократия ва озодиҳо», ҳамин ки ба кабинетҳои қабулгоҳдор даромаданд, ки дар онҳо котибаҳо барояшон чой дам мекарданд, фаромӯш карданд, ки барои чӣ мубориза мебурданд. Ҳар яки онҳо алоҳида кӯшиш мекард, ки ба президент Эмомалӣ Раҳмон худашро «ширин кунад», то ин ки зиёдтар дар мансабаш боқӣ бимонад.

-Ту бо онҳое хоҳӣ монд, ки ҳоло атрофат ҷамъ омадаанд! Ва агар касе мехоҳад ба ту бипайвандад, ӯ монанди ҳаминҳо хоҳад буд! Ё ягон нафар бо ту пинҳонӣ мепайвандад, монанди политтехнологи махуфи ту. Ҳафсафи махуфи ту худашро суғурта мекунад-агар хоҷагонат аз ту рӯ гардонанд ва ту ба каси ночиз табдил бигардӣ, ӯ аз бозӣ тоза хоҳад баромад, то ин ки маблағгузори дигаре пайдо кунад.

-Ту ягон замоне Эътилоф созмон медиҳӣ. Вале ин Эътилофи дурӯғин, Эътилофи рӯйи коғаз хоҳад буд, ки барои ҳисобот ба хоҷагонат ташкил хоҳад шуд. Шахсоне, ки ба ояндаи ин Ватани азиятдидаи мо бетафовут нестанд, ҳеҷ гоҳ дар бари ту нахоҳанд буд!

Ҳамин аст тақдири талхи ту!

Саломиддин Мирзораҳматов

Аз русӣ тарҷумаи Азамат Дӯстов

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg