БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон созандагони имрӯзу фардои ватананд

Ш.ШОҲИН. Маҳз ваҳдат аст, ки имрӯз кишвари моро дар ҷаҳон мешиносанд ва мо низ шукрона мекунем, ки мардуми соҳибватанем. Ваҳдат асоси пешравии Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони миллати моро таъмин карда саҳифаҳои нав ба наверо дар таърихи кишварамон боз намуда истодааст.

Бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Ҷавонон» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  хониши сиёсӣ баргузор   гардид.            

Вохӯриро  раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Назарзода Толибҷон кушода,  дар рафти суханрониаш оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, ҳадафҳои барномавии ҳизб ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳарф зада, дар идомаи суҳбат моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро ба иштирокдорон фаҳмонид.

Баъдан Ҳошимов Абдураҳим ҷиҳати сазовор ва бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол гирифтани 27- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҷамъбасти Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  Соли тақвияти  робита  бо  маҳал  суханронӣ  намуда, ҳамагонро барои боз ҳам пешрафтаву ободии Тоҷикистони маҳбубамон ба корҳои ободониву созандагӣ ва анҷоми корҳои хайру сахо раҳнамоӣ намуд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg