БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Корҳои хонагӣ-манбаи даромади соф барои ҳунармандон

А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Озодии Шарқ»-и деҳаи Озодии Шарқи ҷамоати деҳоти ба номи Қадриддин Ғиёсови ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо сокинон соати сиёсӣ баргузор карда шуд.

Тавре, ки аз суҳбат бо сокинони маҳал маълум гашт, эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мардумро водор сохтааст, ки бештар ба корҳои хонагӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, чунки бо ташаббуси Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин гуна корҳо аз пардохти андоз озод буда, сарчашмаи даромади аҳолӣ мебошанд.

Дар рафти вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумиттаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ашӯров Суннатулло оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ намуда ба саволҳои сершумори иштирокдорон ҷавобҳои қаноатбахш дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg