БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон ба гурӯҳҳои террористӣ нафрат доранд!

ШАҲРИТУЗ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард»-и ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Носирзода Абдукарим хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимнан хониши сиёсиро Носирзода Абдукарим бо баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ оғоз карда, атрофи рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби шаҳрвандони бекор ба касбу ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз бегонапарстию хурофот, дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳандозӣ намудани корҳои хайру сахо бо ҷалби шахсони саховатманду ватандӯст, пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», ба таҳсил фаро гирифтани фарзандон ва таъмини шароити хуби илмомӯзӣ, огоҳонидани сокинон аз кирдорҳои хоинонаи гурӯҳҳои террористӣ андешаронӣ намуд.

Иштирокчиён иброз доштанд, ки ба гуруҳҳои террористиву экстремистӣ нафрат доранд ва баҳри суботу ободии кишвар талош меварзанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg