БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардум пурра бо самтҳои афзалиятнокифаъолияти ҳизбӣ шинос шуданд

ХОВАЛИНГ. Мувофиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар деҳаи Чепиволи ҷамоати деҳоти Ҷомбахт бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбат доир карда шуд.

Дар суҳбат мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сайҷалол Сатторов баромад намуда, иштирокдоронро оид ба мазмуни самтҳои мазкур шинос намуд.

С. Сатторов дар баромадаш бештар ба он самтҳое суҳбат кард, ки сокинони деҳот дар ҳайёти ҳаррӯзаи худ ба онҳо бархурд менамоянд. Аз ҷумла, вазифаҳои шаҳрвандон дар асоси дастуру супоришҳои аз Паёми навбатии Пешвои миллат бароянда, сарфаю сариштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ ва пардохти маблағи барқи истифодашуда бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, огоҳ намудани мардум аз хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона, роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, риояи қонунҳои миллӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон мавзӯъҳое буданд, ки атрофи онҳо суҳбати муфид анҷом дод.

Сакинони деҳа Нарзулло Саъдуллоев, Наҷот Асоев, Довуд Наимов, Боронгул Абдуллоева ва чанде дигарон оид ба масъалаҳои баррасигардида суолҳо дода ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Сокинони деҳа аз Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳо мардумӣ эълон гардидани соли 2018 изҳори қаноатмандӣ намуда, дар он рӯз намунаи маҳсули дастони худро ба намоиш гузоштанд, ки хеле ҷолиб ва диданӣ буд. Ҳунармандони деҳа изҳор доштанд, ки дар озмунҳои дар пешистода, ки дар ноҳия гузаронида мешавад, фаъолона иштирок намуда, ҷойи сазоворро ишғол менамоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg