БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таҳкими раванди худшиносии миллӣ дар даврони Истиқлолият моро ба ихтироъкориву навоварӣ роҳнамоӣ намуда истодааст!

ҲАМАДОНӢ.  Дар асоси ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои нимаи дуюми соли 2018 кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев ва Муродалӣ Шамсов бо аҳолии деҳаи Ориёни ҷамоати деҳоти Чубек вохӯрӣ гузарониданд.

Зимнан Гадоӣ Сайдалиев бо ҷамъомадагон дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзи ҳувияту асолати миллӣ, ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл  ва роҳандозии  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  андешаронӣ намуда,  сокинонро барои  дар амал татбиқ кардани  Аксияи номбурда, ки ба ободии Ватан ва зингардии босаодати мардум  нигаронида шудааст, ҳидоят кард.

Инчунин, Муродалӣ Шамсов дар бораи тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ бо мақсади тарбияи ахлоқию маънавии ҷомеа ва нигоҳ доштани оилаҳои ҷавон аз вайроншавӣ суханронӣ намуд.

Дар охир масъулин  аз намоиши маҳсули дастии ҳунарманди мардумии деҳа, Шарифов Бойаҳмад, ки  таҷҳизоти тоза намудани ҷуворимакка аз донро  ихтироъ намудааст, дидан карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg