БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Шаҳрвандон найрангҳои ватанфурӯшонаи ҲНИ-ро маҳкум карданд!

КУШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён

дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуғли аҳолӣ” вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузарониданд.

Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ кормандон доир ба ҳадафу мақсад ва аҳамияти тақвияти робита бо маҳал, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, расидан ба неъматҳои бузурги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир, тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондӯстию меҳанпарварӣ, истифода аз захираҳои бойи маънавию таърихии миллати тоҷик, эҳёи анъанаҳои неку ҳунарҳои мардумӣ, сафарбар намудани аҳолӣ ба корҳои созандагию бунёдкорӣ суханронӣ намуда, бори дигар сокинонро аз амалҳои хоинона ва ватанфурӯшонаи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ огоҳ карда онҳоро ҷиҳати аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ таъкид намуданд.

Дар идомаи вохӯрӣ сокинон амалҳои муғризонаи ташкилотҳои террористиро маҳкум карда, иброз доштанд, ки дигар мо ба фиребу найрангҳои хоинони давлату миллат фирефта намешавем ва бар зидди онҳо то ҷон дар тан дорем муборизаи беамон хоҳем бурд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg