БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Миллати тоҷик дорои таъриху фарҳанги чандинҳазорсола аст!

ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии “Гулистон” бо мақсади эҳё намудани анъанаҳои неки ниёгон намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанидӯзӣ, кашидадӯзӣ, қуроқдӯзӣ намоиши дӯхти либосҳои занона бо тарҳи замонавӣ бо нигоҳ доштани нақшу нигораҳои ниёгон, кӯрпачаву кӯрпадӯзӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ намоиш дода шуда, ки аз ҷониби иштирокдорон  баҳои баланд гирифт.

Ҳамчунин, дар рафти вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобиддин ба  иштирокчиён фаҳмонид, ки  бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  барои занону духтарон шароит фароҳам оварда шуда, ки онҳо метавонанд бо омӯзиш ва рушд додани ҳунарҳои милли худ шароити иқтисодии худ ва атрофиёнашонро бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ беҳбудӣ бахшанд. Аз ин иқдоми ватандустонаи Пешвои миллат занони маҳалли хушболиву шукргузорӣ мекунанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg