БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардум атрофи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба марҳилаи нави созандагӣ ворид мегарданд!

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Данғара дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Себистон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти  ибтидоии ҳизбии “Навобод” доир карда шуд.

Дар  ин чорабинӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла хатару оқибатҳои бемории сироятии ВНМО/БПНМ, созандагию ободкорӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, риояи қонунҳои миллӣ, тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи баланди худшиносӣ ва ватандӯстӣ, садоқат ба хоку оби сарзаминӣ аҷдодӣ андешарони карда шуд.

Инчунин, дар идомаи суҳбат масъулин  дар бораи роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ба ҷамъомадагон маълумот доданд ва аз онҳо  баҳри татбиқи  Аксияи номбурда  даъват ба амал оварданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg