БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии миллат яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошад!

ВОСЕЪ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроия дар ноҳия Раҷабова Шаҳноза бо кормандони “Беморхонаи № 5”-и ҷамоати Миралӣ Маҳмадалии ноҳия мувофиқи ҷадвали баргузории вохӯриҳо хониши сиёсӣ доир гардид.

Нахуст, Раҷабова Шаҳноза дар назди ҳозирин ба сухан баромада, қайд кард, ки солимии миллат пояндагии онро таъмин менамояд. Аз ин рӯ Ҳизби Халқии Демократии Трҷикистон бо мақсади дастгирии мардум ва хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ташаккули низоми муосири хизматрасониро бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ва ҷорӣ намудани рақобати солимро аз ҷумлаи иқдомоти зарурӣ медонад.

Кормандони Беморхонаи №5 иброз намуданд, ки бемориҳои сироятӣ, ки зери таъсири микробҳо, занбӯруғҳо, вирусҳо, тухми кирмҳои паразит ва соддатаринҳои бемориовар ба вуҷуд меоянд ва моро мебояд, ки ба мардум роҳҳои пешгирии  бемориҳоро фаҳмонему дар солимии миллат саҳм гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg