БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вакилони ҳизбӣ ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ба татбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ сафарбар шуданд!

ВАХШ. Дар асоси ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳои раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ бо роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва фаъолон дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш вохӯрӣ баргузор гардид.

Вохӯриро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов ҳусни оғоз бахшида,  атрофи фаъолияти  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, Гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2018 муфассал  андешаронӣ намуд.

Баъдан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ  дар назди ҷамъомадагон оид ба  сиёсати ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Соли  тақвияти  робита бо маҳал,  самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ ва эълон гардидани  соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ суханронӣ карда,  афзуд, ки тарғиботу ташвиқот асоси фаъолияти ҳизбиён мебошад ва моро зарур аст,  ҳадафҳои барномавии  ҲХДТ-ро  дар байни омма  роҳандозӣ карда,  ба корҳои ободониву созандагӣ баҳри боз ҳам ободу пешрафта гардидани Ватани азизамон талош варзем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg