БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

“Об барои рушди устувор”-барои кулли кишварҳои ҷаҳон манфиатовар аст!

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Иншооти обии шаҳр» тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидов Ҳусейн, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Наҷидуллоев Тавакал ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти ҳизб дар шаҳри Бохтар Ализода Одил иштирок ва андешаронӣ намуданд.

Нахуст, Наҷидуллоев Тавакал ба сухан баромада, атрофи оғози Даҳсолаи байнанмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” сухан ронда, қайд намуд, ки мавриди зикри хост аст аз соли 2000-ум то соли 2016 бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмааи Умумии Созмони Милиали Муттаҳид 7 лоиҳаро оид ба об қабул кард. Дар байни онҳо Соли байнанмилалии соли 2003 -“Оби тоза” Даҳсолаи байнанмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», “Соли байнанмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013» ва Даҳсолаи байнанмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад. Дар хусуси даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” он натанҳо барои ҷумҳурии мо, балки барои кулли мардуми сайёра аҳамияти бузург дорад.

Баъдан Саидов Ҳусейн оид ба масоили глобалии об дар сайёра андешаронӣ карда, афзуд, ки ҳамчун неъмати бебаҳо на танҳо барои ошомидан, балки баҳри истифода дар тамоми соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ низ муҳим аст. Дар ин росто, соҳаи обёрии кишоварзӣ низ дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои минтақа нақши муҳим дорад. Бо назардошти нуқтаҳои мазкур Даҳсолаи нав бо ҷалби таваҷҷуҳи бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тавсияи ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа метавонад, барои кулли кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ манфиатовар бошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg