БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунар ганҷинаи бебаҳост, ки инсонро ба қуллаҳои баланди зиндагӣ мерасонад!

Ҷ.БАЛХӢ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ҳудуди маҳал чорабиниҳои ҷолибро баргузор намуда истодааст. Бо ин мақсад бо иштироки сокинони маҳаллаи Деҳқонободи ҷамоати деҳоти Каленини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

Зимнан, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иштирок намуда, аз намоиши ҳунармандон дидан карданд.

Дар ин ҳамоиш қайд гардид, ки иқдоми бузургу беназири Пешвои миллат, яъне эълон намудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ такони ҷиддие бахшид барои паст кардани сатҳи бекорию беҳтар гардидани вазъи иқтисодиёти сокинони кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg