БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон ба ТЭТ ҲНИ нафрат доранд!

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Шуғли аҳолӣ» чорабинии таблиғотии дар мавзӯъи «Терроризму экстримизм – вабои ҷомеа» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидов, масъулин ва 10 нафар аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр доир карда шуд.

Дар рафти чорабинӣ Фарҳод Обидов оид ба масъалаи ба миёнгузошташуда муфассал суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ба аҳли ҷамоатчигии кишвар таъкид намуданд, ки барои мубориза бар зидди амалҳои терористиву экстремистӣ тамоми қувваҳои солими ҷомеа сафарбар карда шаванд. Зеро ин падидаи номатлуб на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба тамоми ҷаҳон хатарҳои ҷиддиро дар пай дорад

Зимни вохӯрӣ ҷавонон қайд намуданд, ки нисбати гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, хусусан ТЭТ ҲНИ нафрати беандоза дошта, ояндаи дурахшони худро дар созандагиву ободонӣ мебинанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg