БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Табибон дар татбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ пешсафанд

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раиси-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат бо кормандони Маркази даҳонпизишкии ноҳияи Хуросон хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Нахуст  Азизова Сабоҳат оид ба  самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он, нисбати сиёсати ватандӯстонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал, огоҳонидани мардум аз амалҳои муғризонаи ташкилотҳои террористӣ, ки ба фазои сулҳу ороми кишвари мо халал ворид мекунанд, андешаронӣ карда, иштирокдоронро баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, ба ҷомеа расонидани хизмати содиқонаи Пешвои миллат ва аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ  даъват намуд.

Дар ҳудуди  ноҳияи Хуросон бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва сокинон корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ идома доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg