БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Об сарчашмаи ҳаёту зиндагии инсон аст

ҲАМАДОНӢ.  Дар деҳаҳои дурдасти ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Бузахона ва Чойлобкамар бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев ва мутахассиси ҳамин шуъба Фирӯз Пиров бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид. Зимнан Гадоӣ Сайдалиев дар бораи Конференсияи сатҳи баланди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз 20-уми июн то 22-юми июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, суханронӣ карда, қайд намуд, ки дар кори Конференсия сарони давлатҳо ва Ҳукуматҳои Покистон, Туркманистон, Афғонистон ва беш аз 1500 коршиносон аз 100 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо созмонҳои байналмилалии минтақа иштирок намуданд.

Дар маросими ифтитоҳи Конференсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоили оби ошомиданӣ суханронӣ намуданд.

Фирӯз Пиров бошад, дар идомаи суҳбат дар  бораи фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл бо ҷамъомадагон суҳбат намуд.

Баъдан сокини деҳаи Бузахона Мирзоев Юсуф дар баромадаш қайд намуд, ки деҳа солҳост, ки оби нӯшокӣ надорад, сокинон аз нарасидани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Аз кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия хоҳиш кард, ки дар кори савобу хайр ёрии худро расонанд.

Масъулин хоҳишу дархости сокинони маҳаллаи Бузахонаро ба инобат гирифта,  дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» мушкилоти ҷойдоштаи  деҳаро ворид намуда механизми татбиқи онро ҷусткҷуй доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg