БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ деҳаву маҳаллаҳои вилояти Хатлонро ба тӯйхона табдил дод

НОРАК. Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ чорабинӣ фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робитаи ҳизбиён бо маҳал дар деҳаи Гирдоби ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр баргузор гардид.

Дар чорабинӣ занону бонувони ҳунарманди деҳа ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби иштирокдорон ба хушнудӣ пазируфта шуданд.

Зимни вохӯрӣ Ғафурзода Фирдавс оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва корҳои хонагӣ баромад намуда, сипас Савзалӣ Зоиров қайд кард, ки дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикиситони нигаронида шудааст. Аз ин рӯ моро мебояд, ки баҳри иҷрои дастуру супопришҳо кӯшиш намоем, то ки зиндагии худро аз ҳаррӯза дида хубтару беҳтар кунем.

Дар ҳақиқат, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ деҳаву маҳаллаҳои вилояти Хатлонро ба тӯйхона табдил дода, мардум бо шавқу ҳавас дар эҳёи суннату анъанаҳои ниёгон саҳм гузошта истодаанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg