БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизбиёни кӯлоб дар рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳми худро мегузоранд

КӮЛОБ. Дар доираи ҷадвали тасдиқшуда дар маҳаллаи Офтобрӯяи шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардид.

Дар рафти он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул, мудири шуъбаи таблиғот Фирӯзи Сайидмуъмин ва роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан, Валиева Саъбагул қайд дошт, ки роҳандозии чунин чорабиниҳо бо мақсади сазовор ҷамъбаст намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал ба роҳ монда мешаванд. Бо чунин иқдомҳо мо дар амалӣ гардонидани дастуру супоришҳо ва пешниҳодҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳм мегузорем.

Сокинон низ дар навбати худ қайд доштанд, ки ҳар як ташаббусҳои Сарвари давлати мо маҳз ба хотири беҳбудии зиндагии халқ равона карда мешавад. Эълон доштани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз иқдомҳои бесобиқаи Пешвои миллат дарак медиҳад, ки мо сокинонро дар асл руҳбаланд намуд. Иқдоми мазкур моро водор месозад, ки дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ саҳми худро дошта бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg