БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиботи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар маҳал

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Данғара дар деҳаи Шамолдараи ҷамоати деҳоти Себистони ноҳия хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар ташкилоти  ибтидоии ҳизбии “Шамолдара” баргузор гардид.

Зимни баргузории  чорабинӣ Каримов Пирмаҳмад доир ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал, баланд бардоштани ҳисси касбу ҳунаромӯзӣ дар байни ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, риояи қонунҳои миллӣ, анҷоми корҳои созанандагию ободкорӣ суханронӣ намуд.

Инчунин дар идомаи суҳбат мавсуф моҳияти  озмунҳои ҳизбиро бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷумла Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро ба ҳамагон фаҳмонида,  ба онҳо ҷиҳати амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки ба беҳбудии зиндагии мардум ва  боз ҳам барои пешрафтаву шукуфонтар шудани Тоҷикистони азиз равона карда шудааст, маслиҳатҳои судманд дод.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg