БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии миллат аз сатҳи дониш ва дасту дили поки табибон вобаста аст!

ВАХШ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Вахш дар нимсолаи дуюми соли 2018 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Беморхонаи марказӣ"- и ноҳия хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи "Тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ" баргузор намуданд.

Масъулин иброз карданд, ки солимии ҷомеа дар пойдории давлат аҳамияти калон дошта, табибон дар ин росто масъулияти бузург доранд. Дар ин самт дониши баланд, дасти дили пок ва садоқати бепоёни ҳар як табиб ба Ватан омили ҳалкунанда аст.

Барои оянда аз имрӯз замина бояд гузошт ва талоши ҳарчи бештари мо дар заминаи солимии миллат ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ояндаи солими моро таъмин месозад. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg