БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар самти омӯзиши касбу ҳунар барои фарзандони худ шароити бозҳам хубтар фароҳам меорем!

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён дар деҳаи Фароғати ҷамоати деҳоти  Тахти Сангини ноҳия бо гурӯҳи занони ҳунарманд дар мавзуъи мақом ва манзалати занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат, ҷалби духтарон ба таҳсил ва пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон дар оила  вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар рафти вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоев Ваҳобиддин қайд намуд, ки аз   ҷониби Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба иштироки занон дар ҳаёти сиёсии имрӯзаи кишвар, иштироки онҳо дар идоракунии давлат, ишғол намудани вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани мақом ва манзалати занон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои махсуси соҳавӣ қабул ва амалӣ гардида истодаанд.        

Бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ   барои занону духтарон шароит фароҳам оварда шуд, ки  онҳо метавонанд бо омӯзиш ва рушд додани ҳунар шароити иқтисодии худ ва атрофиёнашонро бо ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ беҳбудӣ бахшанд.

Инчунин, ба иштирокчиён фаҳмонида шуд, ки барои давом додани таҳсили духтарон дар муассисаҳои олии кишвар мусоидат намуда, дар омӯзиши касбу ҳунар барои фарзандони худ шароити бозҳам хубтар фароҳам оваранд.

Дар рафти чорабинии мазкур ҳунарҳои мадумӣ, аз қабили қуроқдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, бофандагӣ, гилему намадбофӣ ва ғайра  ба намоиш гузошта шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg