БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Занон ба наҳзатиён лаънат хонданд!

ЁВОН. Чанде қабл аз ҷониби масъулини  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон дар деҳаи Навкорами ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова бо иштироки як гурӯҳ занонону бонувони деҳа атрофи нақши занон дар пешбурди фарҳанги миллӣ ва атрофи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин ба гуруҳҳои ифроти вокуниш нишон додан суҳбат доир карда шуд.

Дар рафти суҳбат аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоева Саёҳат  бобати пос доштани фарҳанги миллӣ, тарғиби арзишҳои башарӣ, гиромӣ доштани фарҳанг ва расму оини ниёгону амалҳои ғаразноки ТЭТ ҲНИ қайд карда шуд.

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки имрӯз маҳз занону бонувон метавонанд расму оин ва фарҳанги миллии ҳазорсолаи  тоҷикро пос доранд ва бар зидди фарҳанги бегонапарастӣ мубориза баранд. Маҳз эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин арҷгузорӣ ба фарҳангу ҳунари ҳазорсолаи миллати кӯҳанбунёди тоҷик аст.

Аз ин рӯ месазад, ки дар ҳар як нишасту вохӯриҳо, маҷлису ҷамъомадҳо бо истифода аз минбарҳои розу ниёз занону бонувонро ба арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, аз байн бурдани фарҳанги ғайр ҳидоят намоем.

Зимни баргузории вохӯрӣ чанде аз бонувони деҳаи Навкорам Гурезова Мавлуда, Обидова Давлатпочо ва Алиева Шарофат андешаронӣ намуда, таклифу пешниҳод ва эродҳои ибрознамудаи масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро дастгирӣ карда, иброз доштанд, ки дар оянда ҷавононро ба тарғиби фарҳанги миллӣ, арҷ гузоштан ба ҳунарҳои мардумӣ ҳидоят намуда ба роҳбари фирории терорристони наҳзати-кабири лаънат мехонем!.

Дар интиҳои вохӯрӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия аз хонаи зани соҳибкасбу чирадаст холаи Азизмоҳ дидан намуда, бо ҳунари ӯ ошноӣ пайдо карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg