БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маданияти сиёсӣ аз дараҷаи ташаккули шуури сиёсӣ вабастагӣ дорад

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Данғара дар деҳаи Шаршари ҷамоати деҳоти Себистон хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  Каримов Пирмаҳмад доир карда шуд.

Дар чорабинии мазкур Каримов Пирмаҳмад иброз намуд, ки барои расидан ба ҳадафҳои олии ҲХДТ ва давлату Ҳукумати мамлакат танҳо ва танҳо иттиҳод ва дастаҷамъии мову шумо лозим аст.

Имрӯз халқи шарафманди Тоҷикистони азиз бо ташаккул додани шуури сиёсии худ, ки яке аз ҳадафҳои ҲХДТ ба ҳисоб меравад, бозиҳои сиёсии бадхоҳонро дарк намуда, ҷиҳати боз ҳам муттаҳиду сарҷамъ ва дӯсту бародар гардидану дастаҷамъона ба хотири рушди устувору ояндадори кишвари маҳбубамон қадам ниҳодан талош варзида истодаем.

Иштирокчиёни чорабинӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат изҳор қаноатмандӣ намуда, саҳмгузории худро ба хотири боз ҳам шукуфон гардидани кишвари азизам иброз доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg