БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маънавиёти ҷомеаро аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир пок мекунем!

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат бо кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва кормандони Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории норасоии масунияти одам (СПИД), ки аксарияти онҳоро аъзои ҲХДТ ташкил медиҳанд, хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Азизова Сабоҳат оид  ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, сиёсати пешгирифтаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тарғиби тарзи ҳаёти солим бо ҷалби мутахассисони соҳа дар байни мардум бо маҳсади фароҳам овардани фазои васеъи тарғиботи дар ин самт, ба дарки ҷомеа расонидани  амалҳои муғризонаву хоинонаи ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ андешаронӣ карда, онҳоро баҳри пешгирии фарзандон аз шормилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва анҷоми корҳои хайру сахо ба шахсони эҳтиёҷманди ҷомеа  раҳнамоӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg