БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наздикии мо бо мардум аз мавқеи устувори мо шаҳодат медиҳад!

КУШОНИЁН. Кормандони  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён барномаи пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлонро, ки соли 2018-ро Соли тақвияти робита бо маҳал эълон гардидааст, дастгирӣ карда, ташкилотҳои ибтидоии ноҳияро оид ба барномаи ҳизб огоҳ намуда пайваста чорабиниҳоро баргузор намуда истодаанд.

Ин навбат бо иштироки  раиси   Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунавара бо иштироки мардуми деҳаи Дӯстии ноҳия  мулоқот баргузор гардид.

Мунавара Сатторова дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, сафарбар кардани сокинон ба сарфаю сариштакорона истифода бурдан аз нерeи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳи мардум аз хатарҳои терроризму  экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ, огоҳии сокинони кишвар аз паёмадҳои хатаровари гуруҳҳои иртиҷоии  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ  дар роҳи мубориза бо онҳо, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа, фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл  ба фарҳангӣ бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ, ба мардум фаҳмонидани моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар ин замина  дуруст сафарбар кардани  корҳои хайру сахо ба хотири  рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа, фаъол гардонидани шаҳрвандон  ва ҷалби  бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагӣ дар заминаи  эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани  сокинон бо шуғл андешаронӣ намуд.

Инчунин дар рафти чорабинӣ намоиши ҳунарҳои дастӣ, ҳунарҳои катбонугӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзони деҳа ба маърази тамошо гузошта шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg