БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Муқовимати ту бо коррупсия аҳамияти калон дорад!

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ дар мавзуи “Муқовимати ту бо коррупсия аҳамияти калон дорад” баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк” Тавакалов Ҷалил иштирок ва суханронӣ намуданд.

Валиева Саъбагул дар баромади хеш қайд кард, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин пешгирии коррупсия мебошад, ки аз иродаи бевоситаи Пешвои миллат бармеояд.

Муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст овард ва болоравии коррупсияро коҳиш диҳад.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ироа карда, қайд намуданд, ки: “Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад”.

Аз ин гуфтаҳои Пешвои миллат бар меояд, ки муқовимати мо бар зидди ин амали нангини ҷомеа аҳамияти калон дошта, ҷиҳати пешригӣ аз амалҳои коррупсионӣ монеаи ҷиддие хоҳад гардид.

Дар охир ба аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ботантана супурда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg