БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Танзим ба зиндагӣ баракат меоварад

ХОВАЛИНГ.  Дар деҳаи Таги ҷари ҷамоати деҳоти Ҷомбахт бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сайҷалол Сатторов ва мутахассиси ҳамин шуъба Ҷ. Каримов оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ гузаронида шуд.

Дар баромадаш Сайҷалол Сатторов  дар бораи сарфаю сариштакорона истифода бурдани қувваи барқ ва саври вақт пардохт намудани маблағи истифодашудаи он, риояи урфу одатҳои миллӣ, роҳҳои пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ташкилотҳои террористӣ,  мубориза бар зидди  нашъамандиву нашъаҷҷалобӣ,  роҳҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории ВИЧ/СПИД ба таври муфассал ва хеле барои шунавандагон фаҳмо андешаронӣ намуд.

Ҷ. Каримов бошад моҳияти қонунҳои миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеаро ба ҳозирин фаҳмонид.

Дар суҳбат чанд нафар иштирокдорон Кӯлоб Шарифов, Азизулло Қодиров, Раҷабмоҳ Ҳусайнова ва дигарон баромад намуда, қабули қонуни танзимро баракати зиндагӣ арзёбӣ намуданд.

Дар намоиши ҳунарие, ки бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуд, ҷамъомадагон  бо маҳсули ҳунарии ҳунармандони деҳа аз наздик шинос шуданд.

Дар суҳбат мақсад аз эълон гардидани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони   «Якҷоя ҳал мекунем!» ба ҳозирин фаҳмонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg