БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эътимоди мардум ба ҲХДТ баланд гашта, сафи аъзои он рӯ ба афзоиш дорад

ҲАМАДОНӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев ва мутахассиси шуъба Фирӯз Пиров бо кормандони Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи ноҳия мувофиқи ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия барои нимсолаи дуюми соли 2018 вохӯрӣ доир намуданд.

Масъулин зимни суханронӣ  дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва эълон гардидани соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар бораи баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон ба мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ андешаронӣ  карданд.

Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ 21 нафар кормандони корхона ба сафи ҲХДТ шомил шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg