БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунар тоҷи сари мардон аст...

БАЛҶУВОН. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон дар деҳаи Дара ва Ҳайбарчашмаи ҷамоати деҳоти Балҷувони ноҳияи Балҷувон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроия дар байни сокинони деҳаҳо суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва  татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор  карда шуд.

Суҳбату вохӯрӣ дар деҳаи Дара сурат гирифта, сокинони деҳаи Ҳайбарчашма ба ин деҳа даъват карда шуданд, ки дар барорбари суҳбат занону духтарони ҳунарманди деҳаҳои номбурда ҳунарҳои дастии худро ба маърази тамошо гузоштанд. Ҷамъомадагон ба ҳунармандон барои рушду нумӯи ҳунарҳояшон  тавсияҳои судманд доданд.

Яке аз зани ҳунарманди деҳаи Дара Кенҷаева Сафаргул  тайи 15 сол аст, ки ба ҳунарҳои кашидадӯзӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва омода кардани дегдонҳои нонпазӣ  машғул мебошад, ки ин ҳунарҳояш баҳри пешрафти зиндагӣ ва ғанӣ гардидани буҷаи оилааш мусоидат менамояд. Ин зани ҳунарманд бо дастони мӯъҷизаофараш садҳо шогирдони дигарро дар роҳи ҳунару ҳунарманди омода карда истодааст, ки боиси ифтихори бузург аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg