
КУШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён барномаи пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро, ки соли 2018-ро Соли тақвияти робита бо маҳал эълон кардааст дастгирӣ намуда, ташкилотҳои ибтидоии ноҳияро оид ба барномаҳои ҳизбӣ ва огоҳ намудан аз самтҳои афзалиятноки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ошно гардонида истодаанд.
масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён зимни вохӯрӣ дар ташкилоти ибтидоии “Шуғли аҳолӣ” вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир ба ҳадафу мақсад ва аҳамияти тақвияти робита бо маҳал, самтҳои асосӣ ва афзалиятноки фаъолияти тарғиботии ҳизб, моҳияти Ваҳдати миллӣ, пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир , тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондӯстию меҳанпарварӣ, истифода аз захираҳои бойи маънавии таърихи миллати тоҷик, эҳёи анъанаҳои неку ҳунарҳои мардумӣ, сафарбар намудани аҳоли ба корҳои созандагию бунёдкорӣ равона андешарони карданд. Зимни вохӯри ба иштирокчиён маводҳои таблиғотии ҳизбӣ тақсим карда шуд.