БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Қонуни танзим – омили пешгирикунанда аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ

КӮЛОБ. Дар доираи фаъолияти идеологии босамар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб пайваста хонишҳои сиёсиро вобаста ба мавзӯъҳои мубрами рӯз дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ доир менамояд.

Ин навбат дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб” бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор кард.

Зимнан, дар ин вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб” Комилизода Ҷалолиддин иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бо ибрози андешаҳо Валиева Саъбагул суханронӣ карда, қайд намуд, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайваст, воқеан дар таърихи қонунгузории кишвар ҳодисаи бемислу хотирмон буда, иқдоми навбатии давлати тозаистиқлол дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандию давлати ҳуқуқист, ки заминаи онро арзишҳои миллӣ ва динӣ ташкил медиҳанд.

Бо қабули қонуни мазкур давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросимҳои миллию динӣ рӯ оварда, барои мувофиқ намудани баргузории онҳо ба манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон амали бениҳоят хайреро анҷом дод.

Дигар иштирокчиён дар навбати худ гуфтанд, ки ҳамаи қарору қонунҳо, дастуру супоришҳое, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд, ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, риояи ҳатмии онҳоро қарзи шаҳрвандии худ меҳисобанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg