
А.ҶОМӢ. Вобаста ба иҷрои нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Гулобод»-и ҷамоати деҳоти ба номи Қадриддин Ғиёсови ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мирзоев Холмурод ва бо аҳли ҷамоатчигии деҳоти мазкур, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ тарғиб карда шуд.
Мавсуф зимни андешаронӣ моҳияти Аксияи номбурдаро ба иштирокдорон фаҳмонида, барои анҷоми корҳои хайру сахо, дасти кӯмак дароз намудан ба оилаҳои ниёзманди ҷомеа, сохтмони иншоотҳои маишӣ, шахсони саховатманду ватандӯстро раҳнамоӣ кард.