
БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кӯмакрасон» тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Саймуҳамад ва Фаррух Исоев иштирок ва андешаронӣ намуданд.
Зимнан Асадуллозода Саймуҳамад оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб аз ҷумла тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон суханронӣ намуда, қайд кард, ки либоси миллӣ нишоне аз таъриху фарҳанги қадимаи ҳар як халқияту миллат мебошад. Нигоҳ доштани либоси миллӣ ва аз насл ба насл ба меърос гузоштани он вазифаи муқаддаси ҳар як сокини соҳибхирад аст.
Сипас, дар идома Фаррух Исоев оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарои мардумӣ ҳарф зада, афзуд, ки ин иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик як ҳадяи бузург аст, ки тавассути ин иқдом ҳунарҳои миллиамон, ки ба нестшавӣ наздик буданд, аз нав бо рангу шакли тоза зинда гардиданд.